Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Ташрифи коршиносони кореягӣ ба вилояти Хатлон

Санаи 8 феврали соли ҷорӣ таҳти роҳбарии намояндаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хонума Ҳонг Ҷа Юн, ташрифи коршиносони кореягӣ ба вилоят доир гардид. ​ ​ ​ ​ ​ ​

​ ​ ​ ​ ​ Ҳайати мазкурро муовини директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилоят дар даромадгоҳи шаҳри Бохтар пешвоз гирифта, аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хайрамақдам гуфта, оиди густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ташкили бизнес миссияҳои соҳибкорони вилоят ба Корея ва соҳибкорони кореягӣ ба вилояти мо, инчунин доир намудани бизнес форумҳо миёни ширкату соҳибкорони вилояти Хатлон ва минтақаҳои Ҷумҳурии Корея гуфтугўҳои судманд ба анҷом расониданд.

​ ​ ​ ​ ​Сипас, ҳайати мазкур ба ноҳияи Вахш сафар намуданд. Дар даромадагоҳи ноҳия меҳмононро муовини раиси ноҳияи Вахш Маҳмадализода Гулҷаҳон хайрамақдам гуфта, доир бо вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия маълумот пешниҳод намуданд. Баъдан меҳмонон бо фаъолияти Муассиса-интернати кӯдакони ятим ва бепарастори ба номи ​ ​ ​ ​ ​ ​ “М. Саторов”-и ноҳияи Вахш шинос шуданд. Роҳбари муассисаи мазкур Негматов А. меҳмононро ба вазъи имрўзаи муассисаи мазкур шинос намудаанд. ​ Дар вохўрии меҳмонон бо хонандагони муассиса вохўри доир намуда, аз рафти хониш ва натиҷаҳои бадастовардаи хонандагон аз наздик бархурдор шудаанд.

​ ​ ​ ​ ​Барои боз ҳам беҳтар шудани рафти таҳсил ва зисти хонандагони муассисаи мазкур аз ҷониби меҳмонон Кореягӣ, 1 адад мошинаи ҷомашўи автоматика, телевизор, дарзмол (утюг) ва чангкашки тамғаи ширкати «Самсунг», инчунин хокаи ҷомашўи, воситаҳои шустушўи ва ғайраҳо ба муассиса кумаки беғаразона расонидашуд.

​ ​ ​ ​ ​Роҳбари ҳайати мазкур хонума Ҳонг Ҷа Юн аз роҳбари муассиса оиди мушкилотҳои имрузаи муассисаи онҳо пурсон шуда, ибрози дар ҳолати дар оянда пайдо шудани имкониятҳо, ба муассисаи мазкур кумакҳои беғаразона расонанд.

Вохӯрию мулоқотҳо баргузор гардида, манфиатбахш ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардида, ҳайати намояндагони Кореягӣ бо таассуроти қаноатмандӣ аз вилоят баргаштанд.