Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

БОЗДИДИ ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ПАЛАТАИ САВДОИ ГАЗИАНТЕПИ ТУРКИЯ

Дар доираи сафари кории ҳайати кории вилояти Хатлон дар Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Газиантеп вохӯрии раиси вилояти Хатлон ва гурӯҳи соҳибкорони тоҷик бо роҳбарияти Палатаи савдои ин шаҳр доир гардид.

Ноиби президенти Палатаи савдои шаҳри Газиантеп хонум Эмине Ферҳан Сағим ҳайати вилояти Хатлонро хайрамақдам гуфта, бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки дар муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия феълан фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудааст.

Зикр гардид, ки гуфтушунид ва дидору мулоқотҳои пайвастаи роҳбарияти ду кишвар ва ҳамкориҳои доираҳои тиҷоратӣ боис ба он гардидааст, ки муносибатҳои гуногунсамт ҳамеша рӯ ба рушд аст ва нишондодҳо тамоюли болоравӣ доранд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2021 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 390,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Дар ин давра содироти мол ба Ҷумҳурии Туркия дар ҳаҷми 232,2 миллион доллар ва воридот 158,3 миллион доллари ИМА ба қайд гирифта шудааст.

Аз он ҷумла соли 2021 аз вилояти Хатлон ба минтақаҳои Туркия бо маблағи зиёда аз 32,1 миллион доллар маҳсулот содирот шуда, аз Ҷумҳурии Туркия ба маблағи 3,4 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот воридот шудааст. Аз Ҷумҳурии Туркия асосан маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, техникаи маишӣ, либосворӣ, пойафзол ворид гардида, аз вилояти Хатлон бошад ба Ҷумҳурии Туркия асосан нахи пахта, ришта ва чарм содирот карда шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қайд кард, ки вилояти Хатлон ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию иҷтимоӣ бо манотиқи Туркия, аз ҷумла шаҳри Газиантеп алоқаманд мебошад.

“Бо назардошти имкониятҳои рушди соҳаи саноати сабук, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик коркарди пахтаро пурра дар дохили кишвар ба роҳ монад. Инчунин аз ҷониби Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсад гузошта шудааст, ки аҳолии мамлакатро бо маҳсулоти дӯхти ватанӣ таъмин намоем. Мо медонем, ки то чӣ андоза соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ дар Туркия рушд кардааст ва омодаем дар ин самт ҳамкорӣ намоем”, - идома дод раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Дар ҳошияи мулоқот рӯнамоии имкониятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Газиантепи Туркия сурат гирифта, намояндагони доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар доир ба самтҳои алоҳидаи ҳамкорӣ табодули назар карданд.

Ҳайати Тоҷикистон аз Палатаи савдои Газиантеп дидан карда, раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Фарҳод Расулзода ва ноиби президенти Палатаи савдои Газиантеп Эмине Ферҳан Сағим дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси минтақаҳои муштараки сармоягузорӣ протокол имзо карданд.