Бо максади ичрои дастуру супоришхои Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Рахмон, Палатаи савдо ва саноати вилоят дар хамкори бо лоихаи Юсаид «Оид ба бехтар намудани ракобатпазирии Агробизнес дар Тоҷикистон» ва мусоидати Макомотхои ичроияи хокимияти давлатии вилоятхои Хатлону Сугд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд бо максади рушди хамкорихо ва омўзиши тачрибаи ширкату корхонахои коркардкунандаи махсулохои кишоварзи ва сохибкорони кишоварзї вилояти Сугд дар самти идоракунии истехсолот, басту банди махсулотхо ва коркарди он, сафари сохибкорони вилоятро, ки ба самтхои дар боло зикр шуда машгуланд, рўзхои аз 29 август то 4 сентябри соли чори ба шахрхои Хучанд ва Исфара доир намуд.
Тибқи барномаи пешбинишуда нимаи аввали рӯзи 30-уми август хайати мо аз бозори яклухтфурушии мевахои хушки шахри Исфара, ки дар Чамоати дехоти Сурх вокеъ аст дидан намуда, бо кор ва фаъолияти он шинос шуда, бо рохбарият, фурушандагон ва харидорони бозори мазкур оиди кору фаъолият ва вазъи имрузаи нарххо ва талаботи хариду фуруш дар бозор гуфтугухои судманд ба анчом расониданд.
Баъди нимаи дуюми рўз хайати моро дар дафтари кориашон рохбари Ассотсиатсияи байналмилалии истехсолкунандагон ва содироткунандагони махсулотхои кишоварзии Тоҷикистон Файзиев А., хайрамакдам гуфта, оиди фаъолияти ассотсиатсия ва аъзоёни он маълумоти муфассал пешниход намуда, оиди рушди хамкорихо байни сохибкорони вилояти Сугду Хатлон кайд карда гузаштанд. Дар рафти вохурї сохибкорони вилоят мо дар самти коркард, истехсол ва содироти махсулотхои кишоварзи, хусусан меваи хушк маълумотхои лозима ва муаррифномахо бо худ гирифтанд.
Рўзи 31-юми август хайати мо дар шахри Исфара бо кор ва фаъолияти ЧДММ «Меваи тиллои», ки бо коркарди зардолу ва дигар хушкмевахо махсусгардонида шудааст шиносои пайдо намуда, инчунин аз сехи истехсоли борчогахои картони, ки дар назди корхона фаъолият мекунад дидан намуданд.
Худи хамон руз сохибкорони мо аз хочагии дехконии «Олупарвар»-и шахри Исфара дидан намуда, бо кор ва фаъолияти он шиносои пайдо намуданд. Дар хочаги дар майдони 30 гектар нихолхои олуи сиёхи навъи махсус,ки аз Чумхурии Сербия оварда шудааст, парвариш меёбад, ки борои коркард мувофик буда, бозоргузар мебошад. Рохбари хочагии мазкур дар бораи фаъолияти имрўзаашон маълумоти муфассал пешниход намуда, оиди рушди хамкорихо байни дехконону коркардкунандагони вилояти Сугд ва Хатлон ибрози акида намуданд.
Рўзи 2-юми сентябр хайати мо аз ЧДММ «Исфара-фуд» дидан намуданд. Хайати моро рохбарияти корхонаи мазкур хайрамакдам гуфта, бо фаъолияти кории ширкати худ, ки бо коркарди хушкмевахо дар чумхури машхур мебошад, шинос намуданд.
Баъди нимаи дуюми руз сохибкорони мо аз ЧДММ «Фозилов Ф.К.», ки бо коркарди мева ва банду басти он машгул аст дидан намуда бо дастовадхои имрузаи корхона ва технологияи коркарди зардолу аз наздик ошнои пайдо намуданд.
Рўзи 3-юми сентябр сохибкорони вилояти мо дар шахри Хуљанд бо кор ва фаъолияти коргохи истехсоли махсулоти нонии сохибкори инфироди «Абдулакимов Ч», ки бо истехсоли кириешки, картошкаи коккардашуда ва дигар махсулотхои ноние, ки бо тамгаи молии «Крутоны» машгул аст, шиносои пайдо намуданд.
Рохбари корхона оиди таъсисёбии корхонаи худ , хати истехсоли ва технологияхои коркарди махсулотхои истехсолшавандаи корхонаашон маълумоти муфассал ба иттилои хайати мо расониданд.
Сипас хайати моро дар дафтари кориашон рохбарияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд кабул намуда, оиди фаъолияти аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Сугд ва фаъолияти имрўзаи Палатаи вилояти маълумоти муфассал пешниход карда, оиди рушди хамкорихо байни сохибкорони вилояти Сугду Хатлон кайд карда гузаштанд.
Дар доираи сафар ба вилояти Сугд 16 ёддошти тафоҳум оиди харидории меваи тару хушк, коркарди он ва тачрибаомўзи миёни сохибкорони вилоятхо ба имзо расонида шуд.
Вохӯрию мулоқотҳо ва чорабиниҳои баргузор гардида, манфиатбахш ва дар сатхи баланд ташкилу баргузор гардида, ҳайати намояндагон мо бо таасуроти қаноатманди рўзи 4-уми сентябр ба Хатлон баргаштанд.