Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Намоишгоҳи байналмиллалии универсалии «Тоҷикистон – 2022»

Намоишгоҳи байналмиллалии универсалии «Тоҷикистон – 2022» як платформаи бонуфузест, ки доираҳои тиҷоратии кишварҳоро муттаҳид менамояд

24 июни соли 2022 бо ифтитоҳи бошукӯҳ дар маҷмааи варзишии «Манеж» дар шаҳри Душанбе калонтарин Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ – Ярмаркаи «Тоҷикистон-2022» бо ширкати беш аз 70 корхона ва ширкатҳои саноатӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Олмон, Эрон, Россия, Корея, Чин ва Точикистон, баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷӯрахон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Умед Каримзода, Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон - Умед Солеҳзода, Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шерализода Шараф, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Хуршеда Қодирӣ, Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одиназода Дилшод, намояндагони вазоратҳои: рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва сайёҳии кишвар, Сафирони Фавқуллода ва Мухтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Федератсияи Росия ҷаноби Игор Лякин-Фролов, Туркманистон ҷаноби Тогалаков Хемра, Қазоқистон ҷаноби Валихон Туреханов, Туркия ҷаноби Эмре Зекки Карагол, Озарбойҷон ҷаноби Али Мирзомин Гаврам огли Аскаров, Фаронса ҷаноби Мишел Тарран, Ҳиндустон ҷаноби Вираҷ Сингҳ, Эрон Ҷаноби Муҳаммадтаки Собирӣ, Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорони дохилию хориҷӣ ва ВАО, иштирок намуданд.

Дар сухани ифтитоҳии худ Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед ба иштирокчиёни намоишгоҳ, намояндагони ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, ки дар бозори Тоҷикистон фаъолият доранд ва маҳсулоти худро дар намоишгоҳи бонуфузи Душанбе муаррифӣ мекунанд, изҳори сипос намуд. Дар баробари ин, қайд гардид, ки боиси ифтихор аст, ки истеҳсолкунандагони тоҷик имруз молу маҳсулоти рақобатпазири худро низ муаррифӣ менамоянд. Намоишгоҳи «Тоҷикистон-2022» на танҳо дар кишвари мо, балки дар минтақа як рӯйдоди калони касбӣ мебошад. Ҳамасола аз намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон садҳо нафар мутахассисон аз кишварҳои гуногун дидан мекунанд ва дар ин ҷо шарик пайдо мекунанд. Ҳадафи асосии он таҳким ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ тавассути гирди ҳам овардани намояндагони соҳибкорӣ аз саросари ҷаҳон, ниҳодҳои давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалӣ барои барқарор кардани робитаҳои мутақобилан судманд, ҷустуҷӯи шарикони нав ва афзоиши додугирифти мутақобила мебошад. Ин кор албатта дар гуфтугуи зич бо доирахои тичоратӣ ба амал бароварда мешавад.

Бо дарназардошти вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҷалби сармоя, техника ва таҷҳизоти инноватсионии ҳозиразамон ба Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Дар кишвар корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ бунёд гардида, дар асоси воридотивазкунӣ маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ истеҳсол намоянд. Дар кишвари мо фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, қонун дар бораи ҳимояи сармоягузорон амал мекунад. Дар ҳудуди МОИ «Суғд», «Данғара», «Кӯлоб», «Панҷ», «Ишкошим» барои пешбурди соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, барои сармоягузорон кафолату имтиёзҳо муайян карда шудааст.

Дар ин самт вазифаи мо аз он иборат аст, ки истеҳсолкунандагони тоҷикро ба бозорҳои кишварҳои ИДМ, Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ фаъолонатар пешбарӣ намуда, на танҳо бозори дохилиро бо озуқавории ватанӣ пурра таъмин намоем, балки кишварро ба бозори ҷаҳонӣ табдил диҳем ва ба бозорхои хоричӣ махсулоти хушсифат равон намоем.

Бе муболиға метавон гуфт, ки талошҳо барои дар сатҳи баланд ташкил намудани намоишгоҳи «Тоҷикистон-2022» дар шаҳри Душанбе беҳуда набуд, - гуфт Умед Солеҳзода ва бовар дорам, ки онҳо натиҷаи мусбати худро хоҳанд дод. Айни замон бисёр давлатҳои ҷаҳон барои бозори Тоҷикистон талош доранд. Умед Солеҳзода изҳори итминон кард, ки имруза намоишгоҳ самараи татбиқи солҳои рушди саноат, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-26 эълон шудааст, ба таври васеъ намоиш дода шуда истодааст.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 70 корхонаю ташкилот молу маҳсулоти худро ба маърази меҳмонон дар сохахои саноати сабук, хурокворӣ, мошинсозӣ, техникаҳои хочагии кишлок, хизматрасонӣ, сохтмон ва кимиёи маишӣ, аз чумла: Фабрикаи қаннодии «АМИРИ», Корхонаи саноатии «СИЁМА», ҶДММ «МАРМАРИ», ҶДММ «Сардор-2008», ҶДММ «ЭСКИМО-МАСТЕР», ҶДММ «Сем Инвест», BETA TEA, USAID ACAT, Памир – Голд, ҶДММ «ФАРОВОН-1», Общественная организация «Дехаи мо», ЗАО «АВИТСЕНА», ШОКОЛАТЬЕ, ҶДММ «ГОФРО- АГРЕГАТ», ЗАО «ЕВРОАЗИЯ-2005», ГУП «Комбинати хуроквори», ҶДММ «МУРГИ БЕХАМТО», Промышленный кооператив «Шерзод Илхом», ҶДММ «ШИФО ЧОЙ», ҶДММ «Хуча Муъмин», ҶДММ «ДУШАХД», ҶДММ «Мурѓи Покиза», ҶДММ «Кишвар -2010», ҶДММ «ТОЧТЕКС», ҶДММ «ВАХДАТ ТЕКСТАЙЛ», ҶДММ «Чавони», ҶДММ «САТН», ҶДММ «РУХОМ», ҶДММ «Мехри Модар», ГУП «Зари Кулоб», ARTEL AVESTO ELECTRONICS, La Al Textiles / UNIDO, SHIVAKI, ҶДММ «Алюмин Проф», ҶДММ «Истехсоли труба ва профили точик», ҶДММ «Таъминоти масолехи сохтмони», ТАЛКО, ҶДММ КМ ТТ «СИЛКОАТ-БОЙЯ», ҶДММ КФ "ФОРТУНА-Ко", ҶДММ «ТОЧФИЛИЗ», ҶДММ «ХОЛИС ПЛАСТ», ҶДММ «Чжунгтсай мохир семент», ҶДММ ТИНИАЛ , ҶДММ « ЗИЁРАТИ ХУЧАНД» , Гаюр семент, ҶДММ «ПИШТОЗ ПОСОРГОД ТОЧИКИСТОН», ҶДММ «ТЕХНО ПОЛОИШ» , ГУП «Саноат содирот бонк», «Амонатбонк», ҶДММ «АГРОМИЯ», ҶДММ «РАХШИ ПОКСОН», СИ «SIMON COSMETICS», СИ «SIMON COSMETICS», СИ «Усмонова Манижа», ГУ лесного хозяйства имени С.Каримова, СИ “Ќосимов Исмоил”, СИ «Азимов Юнусали, КИ «Ситораи Зухал», СИ «Козиев Абдусаид» , «Корхонаи пойафзолии Кангурт», ТОО «ХЕФЕЛЕ», KHORRAM PLASTIK и др.

Намоишгоҳ кори худро то 26 июни соли 2022, аз соати 9.00 то 18.00 идома медиҳад.