Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Боздиди рохбарони ширкатхои Кореяги аз вилояти Хатлон

Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Чумхурии Точикистон ва мусоидати Маќомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон, рохбарони як ќатор ширкатхои фаъоли Кореяги дар сохаи кишоварзи фаъолияткунанда бо маќсади шиносои бо имкониятхои иќтисодию сармоягузории вилояти Хатлон ва омўзиши имкониятхои сохаи кишоварзии вилоят, рўзи 31–майи соли чори ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар даромадгохи нохияи Кушониён, мехмононро муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода А.Р., раиси нохияи Кушониён Вализода И. ва  рохбарияти  раёсату идорахои дахлдори вилояти  пешвоз гирифтанд.

Сараввал мехмонон аз боѓи интенсивии хочагии дехконии «Умари Ќурбонализода»-и нохияи Кушониён дидан намуданд. Рохбари хочагии мазкур оиди кор ва фаъолияти хочаги ва дарахтони мевадихандае, ки дар боѓ хочаги парвариш меёбан маълумот пешниход намуд.

Баъдан, дар худуди хочагии дехконии «Истиќлол»-и махаллаи Гайрати шахри Бохтар мехмононро раиси шахри Бохтар Саломзода С. пешвоз гирифта, оиди вазъи иќтисодию сармоягузории шахри Бохтар, хусусан, сохаи кишоварзии шахр, маълумоти муфассал пешниход намуда, мехмононро бо кор ва фаъолияти хочагии мазкур, ки бо парвариши сабзавот дар гармхонахо машѓул буда, бозорхои шахрхои Бохтар, Душанбе ва дигар шахру нохияхои вилоят ва чумхуриро бо  сабзавоти тару тоза таъмин менамояд, шинос намуд.

Инчунин раиси шахри Бохтар дар вохўри бо намояндаи Палатаи савдо ва саноати Чумхурии Точикистон дар Чумхурии Корея Джаюн Хонг ва хамроёнашон оиди хамкорихо бо ширкати «Кота Глобал», ки дар хамкори бо ЧДММ «Ресандаи Ќўрѓонтеппа», корхонаи дўзандаги бо технологияи хозиразамони кореяги дар шахри Бохтар бунёд кардааст, ибрози аќида намуданд. 

Сипас, мехмонон бо кор, фаъолият ва сардхонахои ЧСШК «Хўроквори»-и шахри Бохтар аз наздик шинос шуда, бо рохбарияти ширкати мазкур оиди вазъи имрўзаи корхонаашон гуфтугўхои судманд ба анчом расонданд.

 Раиси шахри Бохтар иброз аз он намуд, ки дар шахри Бохтар тамоми заминахо барои вориди сармоя ва бунёд намудани корхонахои муштарак мавчуд мебошад ва мо Шуморо барои хамкорихои судманд бо сохибкорони шахри Бохтар даъват менамоем. 

Дар Минтаќаи озоди иќтисодии «Данѓара» мехмононро муовини раиси нохияи Данѓара Бегмуродзода Д.Б., рохбари маъмурияти МОИ «Данѓара» Ятимзода М.А. пешвоз гирифтанд. Баъдан мехмонон бо фаъолияти ЧДММ «Ауфэн»,ЧДММ «Ѓаюр Саноат», Сехи истехсоли калсит шиносои пайдо намуда, аз мавзъи чойгиршавии минтаќа дидан карданд.

Дар толори мачлисгохи Минтаќаи озоди иќтисодии вохўри кори бо мехмонон доир гардид. Дар вохўри оиди хамкорихои маъмурияти минтаќа бо субъектхои айни замон дар минтаќа фаъолият дошта, гуфтугўхои  судманд ба анчом расонида шуда, оиди имтиёзхои дар минтаќа пешниход шаванда ба мехмонон маълўмоти муфассал пешниход карда шуд.

Баъди нимаи дуюми рўз мехмонон аз хочагии дехконии «Хуросон»-и нохияи Данѓара дидан намуда, бо дастовардхои дехконони хочагии мазкур ва корхонаи коркарди меваю сабзавоти назди хочаги аз наздик шинос шуда, бо рохбарияти хочаги вохўрихои судманд ба анчом расонида, оиди тачрибахои кишоварзони кореяги ибрози аќида намуданд.

Сипас, мехмонон ба самти нохияи Мўъминобод сафар намуданд. Дар даромадгохи нохия мехмононро раиси нохияи Мўъминобод       Шарифзода Л.Ш. ва хамроёнашон пешвоз гирифта, оиди дастовардхои имрўзаи кишоварзони нохия маълумоти  муфассал пешниход намуданд.

Дар нохияи Мўъминобод мехмонон бо кор ва фаъолияти комплекси агросаноатии «Заркорон», ки бо самти чорводори, парвариши меваю сабзавот, коркарди махсулотхои кишоварзи ва шир махсус гардонида шудааст, аз наздик шиносои пайдо намуданд. Рохбарияти комплекси агросаноати оиди дастовардхояшон ќайд карда гузашта, мехмононро бо майдонхои парвариши ангур ва боѓхои мевахо, ки дар мавзеъхои хушманзараи нохия чойгир шудааст, шинос намуданд.

Дар вохўри инчунин, оиди тачрибаомўзи ва пешниходхое, ки аз чониби рохбарияти комплекси агросаноатии «Заркорон» ва мехмонони Кореяги барраси гардид, таваччухи  баланд зохир карда шуд.

Вохӯрию мулоқотҳо ва чорабиниҳои баргузор гардида, манфиатбахш ва дар сатхи баланд ташкилу баргузор гардида, ҳайати намояндагон  Кореяги  бо таассуроти  қаноатмандӣ  баргаштанд. 

IMG-20220602-WA0053.jpg  IMG-20220602-WA0052.jpg