Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Чаласаи 15-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Рӯзи 31-уми майи соли .2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи 15-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баргузор гардид.

Дар корӣ ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам, қисман сардорони раёсат ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, ва намояндагони барномаҳои шарикони рушд иштирок доштанд.

Дар навбати аввал, ҳайати аъзоён ва сохтори Шӯрои машварати интихоб гардида, ҳозирин ба онҳо бурдборӣ таманно намуданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар намуднаи фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ гурӯҳҳои кории Шӯро, вобаста ба натиҷаҳои омӯзиш ва таҳлил дар самтҳои рушди содирот, боғу токпарвари ва сармоягузорӣ дар вилоят шунида шуда, пешниҳодоти соҳибкорон ва мутахассисони соҳа вобаста ба бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самтҳо ибрози назар намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода мунтазам вусъат ёфтани раванди ислоҳотро тавассути муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо баргузории ҷаласаҳои шӯро қайд намуда, дар ин замина беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва рушди бахши содирот аз вилоят натиҷаи фаъолияти самараноки шӯро арзёбӣ намуданд.

Дар охир раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода вобаста ба баргузории ҷаласаи 15-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва нақшаи кории котиботи шӯро, беҳтар кардани сатҳи муколамаи бахши хусусӣ бо сектори иқтисодии давлатӣ изҳори назар намуда, ба роҳбарони ташиклоту муассисаҳои вилоят, аъзоён ва котиботи Шӯро тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.