Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Боздиди ҳайати соҳибкорони вилояти Липетск аз корхонаҳои саноатии вилояти Суғд

Дар доиари сафари ҳайати соҳибкорони вилояти Липетски Федератсияи Россия, ки бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов санаҳои 10-13 апрел дар вилояти Суғд доир гардид бо фаъолияти якчанд корхонаҳои саноати ва аз маконҳои сайёҳиву таърихии вилоят дидан намуданд.

Аз корхонаҳои саноатии ҶДММ “Хорои Хуҷанд” истеҳсоли сангҳои ороишии гранит, ҶДММ КМ “Ҷавонӣ” истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ , ҶДММ “Садаф” истеҳсоли профелҳои металли, корхонаи ҳасиббарории ҶДММ “Додобоев” ва ҶДММ “Само” истеҳсоли ҷароғҳои ороишии барқи, дар шаҳри Хуҷанд, коргоҳи ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” истеҳсоли қолин дар шаҳри Гулистон, Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, корхонаи ҶДММ “Афзали Суғд” коркарди маӣсулотҳои шири дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҶДММ “Органик Ян” коркарди пахта ва истеҳсоли калобаҳои пахтаги дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ва бо фаъолияти ҶСП “Оби Зулол” истеҳсоли оби нушоки ва афшураи мевагиҳо дар шаҳри Истаравшан, шинос шуда, ҷиҳати густариши робитаҳо бо роҳбарони корхонаҳо, ҷиҳати ба роҳ мондани содироти маҳсулот, воридоти технология ва омӯзиши таҷрибаи якдигар вохӯриҳо доир намуда созишномаҳаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.