Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Вилоятҳои Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Россия нақша доранд, ки гардиши молро афзоиш диҳанд

Дар ояндаи наздик интиқоли меваю сабзавоти ҷанубӣ, аз ҷумла меваю сабзавоти барвақтӣ, аз вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон ба минтақаи Урали Миёна ҳаҷман афзоиш хоҳад ёфт. Маҳз ҳамин минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз рӯйи аксари нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти меваю сабзавот ба хориҷа, пешсафу пешгоманд.

6 апрели соли 2022 дар шакли видеоконфронс муҳокимаю баррасии иқдомоти мушаххаси амалӣ ҷиҳати афзоиши гардиши мол ва рушди дигар шаклҳои ҳамкории мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар он роҳбарону намояндагони масъули вазорату идораҳо, сохторҳову ташкилотҳо, вилоятҳои Хатлону Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, узви Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Хушвахт Бедимоғов, истеҳсолкунандагони муваффақи маҳсулоти меваю сабзавоти тоҷик иштирок намуданд.

Видеоконфронсро муовини Губернатори вилояти Свердловск Василий Козлов ифтитоҳ намуда, дар он муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ иштироку суханронӣ намуданд.

Дар видеоконфронс аз ҷониби россиягӣ роҳбарони ширкатҳои калони воридотиву содиротӣ дар соҳаи меваю сабзавот, инчунин ходимони воломақоми идораҳои минтақавӣ ва федералӣ намояндагӣ карданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни видеоконфронс барандаи он директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода буд.Тавре вай дар мулоқоти онлайнӣ тазаккур дод, рушд ва амиқрафти шарикии тиҷоративу иқтисодӣ бо Россия ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ниҳоди давлатӣ, ки ӯ ба он раҳбарӣ мекунад, қарор доранд. "Мо бо намояндагии тиҷоратии Россия дар Тоҷикистон ҳамкории зичи муфид дорем ва аз абзорҳои молиявии боэътимоду шаффоф истифода мебарем.Мо аз иқтидори иқтисодии вилояти Свердловск ба хубӣ огоҳ ҳастем, аз ин рӯ мо ба муколама дар мавриди ҳамкорӣ ва афзоиши додугирифти тиҷоратӣ омодаем. Дар баробари зиёд намудани интиқоли меваю сабзавот, мо ба интиқоли ҷавобии молҳои россиягӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди меваю сабзавот манфиатдорем", - гуфт Шавкат Бобозода.

Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова аҳамияти таҳияву татбиқи амалии тарҳҳои ҳамкориро бо таваҷҷуҳ ба густариши ҳамкориҳо дар маҷрои равобити байниминтақавӣ махсус таъкид кард.«Вилояти Свердловск як марказу минтақаи пешрафтаи саноатии Россия, аз ҷумла аз нигоҳи истеҳсоли технологияҳои баланд, мебошад. То ҳол сатҳи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ чандон баланд нест, аммо мо манфиатдорем, ки дар баробари рушди тиҷорат ҳамкориҳоро дар самти коркарди маҳсулот, яхбандии он ва истеҳсоли масолеҳи бастабандӣ ба роҳ монем, то маҳсулоти муштараки рақобатпазирро барои бозори дигар кишварҳо пешниҳод кунем», - изҳори андешаву пешниҳод кард вай.

Ба пиндори сардори Раёсати гумруки Урал Алексей Фролов, ҳоло дар ҳавзаи федералии Урал барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла тавассути барасмиятдарории гумрукии моли зудвайроншаванда, инчунин созишномаҳои байнидавлатӣ бо Тоҷикистон оид ба сабукгардонии шароити тиҷорат ба имзо расидаанд, иқтидори воқеии ҳамкориҳо бо Тоҷикистон бошад, нисбат ба ҳаҷми мавҷуда ба маротиб бештар аст.Ӯ аҳамияти эҷоди манобеи расмии дастрасро оид ба нархҳои содиротии меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон барои анҷом додани расмиёти босуръати гумрукӣ нисбат ба маҳсулоти воридшаванда ба таври хосса қайд намуд.

Аз рӯйи натиҷаи видеоконфронс ҷонибҳо омодагии худро барои имзою амалисозии созишномаҳои байниминтақавӣ оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ташкили табодули ҳайатҳои соҳибкориву тиҷоратӣ ва идомаи муколамаи судманду созанда дар доираи намоишгоҳҳои байналмилалии "Иннопром" ва "Бохтар" изҳор доштанд.

Дар соли 2021 ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни вилояти Свердловск ва Тоҷикистон ба 50 миллион доллари амрикоӣ баробар гашт ва ҳаҷми воридот 23 ҳазор долларро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби интиқоли меваю сабзавот буд.