Рўзи 29 марти соли ҷори таҳти роҳбарии директори кулли Палата ва муовини роҳбари лоиҳаи ЮСАИД «Оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии Агробизнес дар Тоҷикистон» Нозим Нарзуллоев, аъзоёни Палата ва соҳибкорони вилоят дар ҳайати роҳбарон ва намояндагони 25 ширкату корхонаҳо, ки ба самти коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ ва маҳсулотҳои шири машғуланд, бо мақсади иштирок дар 21-умин Намоишгоҳи байналмилалии «UzFood-2022» ва шиносоӣ бо кор ва фаъолияти ширкатҳои коркардкунандаи меваю сабзавот ва маҳсулотҳои ширии шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд ба Ҷумҳурии Ўзбекистон сафар намуданд.
Ҳайати соҳибкорон санаи 30 март дар корӣ намоишгоҳи мазкур иштироки фаъолона намуда, як қатор вохўриҳо бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳое, ки дар кори намоишгоҳ иштирок доштанд, доир намудаанд.
Дар ҳошияи кори намоишгоҳ директори кулли Палата бо ташкилкунандагони Намоишгоҳи байналмилалии «UzFood-2022», директори лоиҳаи «ITECA» Анна Перелыгина, вохўрӣ доир намуда, оиди рушди ҳамкориҳо байни соҳибкорони вилояти Хатлон ва ширкатҳои иштироккунандаи намоишгоҳи мазкур ибрози ақида намуданд.
Сипас ҳайати соҳибкорон аз ширкати «Равшан ёдлик Продакшн», ки бо истеҳсоли қуттиҳои картони барои бастубандкунии меваю сабзавот ва дигар маҳсулотҳо дидан намуданд. Баъдан аз ширкати ҶДММ «Зафархон», ки бо тамғаи молии "Ермак" бо истеҳсол ва бастубанди қурут, писта офтобпараст ва чормағзи замини машғул аст дидан намуда, бо кор ва фаъолияти ширкати мазкур аз наздик шинос шуданд. Баъдан ҳайати соҳибкорони вилоят дар шаҳри Тошканд бо кор ва фаъолияти ҶДММ «Асл Ойна», ки бо истеҳсоли зарфҳои шишагӣ, ҶДММ «Ажи Капс» , бо истеҳсоли сарпўшҳои металӣ, ,ва «Валий Саркор», ки бо коркард ва бастубанди донаҳои офтобпараст машғуланд, дидан намуданд.
Дар ними дуюми рўз ҳайати соҳибкорон аз ширкатҳои «Турбо», «Прайс продуктион», «Паснет экспо», «Драй Фруитс», ки яке аз ширкатҳои калонтарини коркарди меваи тару тоза, меваҳои хушки табии бо сифат, мураббо ва маҳсулотҳои консервакунонидашуда дар Ҷумҳурии Ўзбекистон шуморида мешавад, дидан намуданд.
Рўзи 1-уми апрел дар шаҳри Самарқанд аз ширкатҳои «Течпак Инвестмент», «Унипак» ва «Пуре Милк» ки истеҳсолӣ маҳсулотҳои ширӣ машғул аст, дидан намудем. Роҳбарияти ширкатҳои мазкур дар бораи таъсисёбӣ ва фаъолияту дастовардҳои имрўзаи корхонаи мазкур маълумот пешниҳод намуда, оиди натиҷаҳои иқтисодии ба дастовардаашон гуфта гузаштанд.
Корхонаҳое, ки соҳибкорон дидан карданд бо таҷҳизоту технологияҳои пешрафта ҷаҳонӣ муҷаҳаз гардонида шудааст.
Вохӯрию мулоқотҳо ва чорабиниҳои баргузор гардида, манфиатбахш ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардида, ҳайати намояндагони вилоят бо таассуроти қаноатмандӣ баргаштанд.
Дар рўзҳои сафар намояндагони вилояти Хатлонро, роҳбарияти Палатаи минтақавии савдо ва саноати шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд ҳамроҳи намуданд.