Аз санаи 25 то 27 феврали соли ҷорӣ дар Лоҳури Покистон Намоишгоҳи мухандисӣ ва тандурустӣ баргузор гардид. Бо дастгирии Сафорати Покистон дар Тоҷикистон директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок варзиданд. Дар намоишгоҳи мазкур директории кулли Палата бо якчанд Палатаҳои савдо ва саноати Покистон вохўрии корӣ доир намуд. Дар вохўрӣ, оиди рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ширкату соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Покистон ибрози ақида намуданд.