Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон

Санаи 26 феврал то 1 марти соли 2022 дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи тахассусии Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардида истодааст.

Дар ҳошияи баргузории Намоишгоҳи тахассусии Ҷумҳурии Исломии Эрон, санаи 28 феврали соли ҷорӣ дар МД «Китобхонаи миллӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон доир гардид. Кори Бизнес-форумро муовини раиси ПСС ҶТ Рустамова М.А. оғоз намуда, оиди ҳадафҳои асосии форуми мазкур харф зад. Инчунин дар чорабини Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, мавзуи фазои сармоягузорӣ ду кишвари бо хам дуст суханрони намуд.

Дар кори форум таҳти роҳбари сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон, Дадабоев А роҳбарони раёсату ташкилотҳо, моқомотҳои исҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, соҳибкорон, зиёда аз 80 ширкату корхонаҳо, хоҷагиҳои деҳконӣ, роҳбарони Минтақаҳои озоди иқтисоди «Данғара», «Панҷ» ва «Кўлоб» - и вилояти Хатлон, иштирок намуданд.

Баъди вохуриҳои B2B байни соҳибкорони тоҷику эрони, байни МОИ «Данғара» ва «Кўлоб» бо МОИ «Сарахс»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, ​ МОИ Тоҷикистон«Панҷ» бо ширкати «Миллали интер»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида шуд.