Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Дар толори тарабхонаи «Эҳсон»-и шаҳри Бохтар мизи мудаввар дар​ мавзўи «Нақши Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва хориҷӣ»

Рўзи 18-уми феврал дар толори тарабхонаи «Эҳсон»-и шаҳри Бохтар мизи мудаввар дар​ мавзўи «Нақши Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва хориҷӣ», инчунин оиди натиҷаҳои ҳамкориҳо дар соли 2021-ум бо аъзоёни Палата, соҳибкорони муваффақи вилоят ва шарикони рушд доир​ намудем.​

Директори кулли Палата оиди мавзўи болозикр ва натиҷаҳои фаъолияти Палата дар соли 2021-ум ќайд карда гузашта, муаррифномаи натиҷаҳои ба дастовардаи Палатаро пешниҳоди иштирокчиён чорабини гардонидаанд. Сипас як қатор роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорон оиди ҳамкориҳояшон бо Палата гуфта гузашта, аз натиҷаҳои ҳамкориҳои судмандашон ​ миннатдори ва ибрози ақида намуднамудан

Бо назардошти саҳмашон дар рушди иқтисодиёни вилоят ва иштироки фаъолонаашон дар намоишу форумҳо ва семинару тренингҳое, ки соли 2021-ум, бо ташабусси Палата дар ҳамкори бо шарикони рушд ва мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардида буд, соҳибкоронро қадрдони намуда, ба онҳо сипосномаи Палатаи савдо ва​ саноат супорида шуд.

Дар чорабини мазкур намояндаи Лоиҳаи Юсаид «Оид ба рақобатпазирии Агробизнес дар Тоҷикистон» Ҳомидҷонов Ф., роҳбари «Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон» Ализода З. ва зиёда аз 30 роҳбарон ва намояндагони ширкату корхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони вилоят ширкат варзиданд.