Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАВАНДИ БУНЁДКОРИҲО ДАР БОЗОРИ ЗАМОНАВИИ НОҲИЯИ ХУРОСОН ДИДАН НАМУДАНД

Қоҳир Расулзода дар ҷараёни сафари корӣ ҳамчунин бо раванди бунёдкориҳо дар бозори замонавӣ, ки дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бунёд гардида истодааст, шиносоӣ пайдо намуданд. Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои соҳибкори ватанӣ бо ҷалби 120 нафар коргарони маҳаллӣ бунёд мегардад. Иншоот дар масоҳати умумии 4 гектар сохта шуда, бинои асосӣ аз ду ошёна ва 50 нуқтаи савдо иборат аст. Дар саҳни бозор 9 соябони савдо ва 3 таваққуфгоҳи нақлиёт ҷой дода шудааст. Арзиши харҷномавии сохтмони иншооти мазкур 21 миллион сомониро дар бар мегирад. Сохтмони иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 800 ҷойи кории нави доимӣ таъсис меёбад.