Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

18 феврал дар доираи сафари корӣ ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода аз таҷдиду барқарорсозии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот”,рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии корпаратсияи “Салтанат” ва амалишавии лоиҳаи барқарорсозии агрегатҳои нерӯгоҳи барқии обии Вахш дар шаҳри Левакант ва рафти сохтмони бинои сехи банду басти меваю сабзавот ва ҷараёни корҳои сохтмони гармхонаҳо дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар дидан намуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҷдиду барқарорсозии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” – и шаҳри Левакант таваҷҷӯҳи зиёд намуда, баҳри сифатан анҷом бахшидани корҳои таҷдиду барқарорсозии ин корхонаи азамат чораандешӣ намуда бо ҷалби соҳибкорони бонангу номуси диёр, ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар назди худ мақсад гузоштанд, ки дар охирҳои соли 2022 – юм ин корхонаи бузург мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад, зеро хоҷагидорон ба нуриҳои минералӣ дар самти баланд бардоштани боздеҳи замин ниёзи бештар доранд.

Зимни боздид аз корпаратсияи Салтанат дар шаҳри Левакант нахӯст Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва ҳамроҳони ӯ аз сехи оби ҷав дидан намуданд.Дар ин коргоҳ технология ва таҷҳизоти давлатҳои Олмону Россия васл гардида 50 нафар ҳамватанон бо ҷойи кори доимӣ пурра таъмин мешаванд. Иқтидори коргоҳ дар як шабонарӯз истеҳсол кардани 15 ҳазор литр оби ҷавро дорост. Соҳибкорони бонангу номуси диёр азми комил доранд, ки бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коргоҳу корхонаҳои назди карпаратсияи Салтанат дар оянда беш аз 700 нафар ҳамватанонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд. Васлу насби таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дар сехҳои истеҳсоли обҳои ташнашикан ва афшурдаи меваю сабзавот идома дошта, дар наздиктарин моҳҳо Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Паймонаи заррин” низ ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ хоҳад кард.

Ҳамкории самарабахш бо шарикони рушд ва мутахассисони давлати Чин самари нек ба бор овард. Бунёди корхонаи хиштбарории назди карпаратсияи Салтанат иқтидор дорад, ки дар як сол то 30 миллион ғишти хушсифат истеҳсол гардад. Бо пурра ба фаъолият оғоз бахшидан дар корхонаи хиштбарорӣ дар се баст 180 нафар ҳамватанон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Сарвазири мамлакат зимни боздид аз ин корхона бо соҳибкорон,бунёдкунандагони ин корхона суҳбату мулоқоти судманд анҷом дода, диққати онҳоро ба сифатан анҷом бахшидани корҳо ҷалб намуд ва баҳри беҳбудии кор дастуру тавсияҳои судманд дод.