Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Сафари кори ба Чумхурии Узбекистон

Директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Сайфидинов Ф.А. дар ҳошияи сафари ҳайати соҳибкорони вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд бо сардорони Раёсатҳои Палатаи савдо ва саноати вилояти Бухоро Ниязов Ғ.А. ва вилояти Самарқанд Қудратов Ш.А. вохўриҳои корӣ доир намуданд.
Директори кулли Палатаи вилоят дар бораи имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилояти Хатлон маълумоти муфассал ба роҳбарони Палатаҳои мазкур пешниҳод намуда, оиди дар оянда рушд додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорони вилояти Хатлон ва вилоятҳои Самарқанд ва Бухорои Ҷумҳурии Ўзбекистон қайд карда гузаштанд.
Дар натиҷа бо мақсади мусоидат дар рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ вилоятҳо байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилоятҳои Бухоро ва Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.