Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Чихати мусоидат дар хамкорихои ширкату сохибкорони вилояти Хатлон бо вилояти Тошканди Чумхурии Узбекистон

Рўзи 13 март директори кулли Палата бо мақсади рушди ҳамкорихо байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Раёсати минтақавии Палатаи савдо ва саноати вилояти Тошканди Ҷумхурии Ўзбекистон ба шаҳри Тошканд сафар намуд.

Рўзи 14 март директори кулли Палата дар дафтари кории Палатаи савдо ва саноати вилояти Тошканд бо сардори Раёсати минтақавии Палатаи мазкур Акбаров У.А. вохўрии кори намуд. Дар вохўри оиди рушди хамкорихои тичоратию иктисоди байни ширкату соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумхурии Тоҷикистон ва вилояти Тошканди Ҷумхурии Ўзбекистон ибрози ақида намуданд.

Аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон пешниҳодхо оиди ташкил кардани сафарҳои ҳайатҳои тиҷоратию иқтисодии вилоятҳо бо ҷумхурихои якдигар, дар самти таҷрибаомўзи дар парвариши меваю сабзавот дар гармхонахо ва коркарди он, бастубанд, коркарди шир ва истехсоли махсулотхои шири ва ҷалби сармоягузорони ҷониби Ўзбекистон ба иқтисодиёти вилояти Хатлон, хусусан Минтақахои озоди иктисодии «Кўлоб», «Данғара» ва «Панҷ», ташкил намудани Бизнес форуми соҳибкорони вилояти Тошканд дар шаҳри Бохтар, иштироки намояндагони ширкату соҳибкорони вилоят дар намоишгоҳҳое, ки дар бахшхои гуногун дар шаҳри Тошканд доир мегардад, гуфтугўҳои судманд ба анҷом расонида шуд.

Пешниҳодҳои кардаи мо аз ҷониби роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Тошканд бо камоли эҳтиром кабул карда шуда, онхо иброз намуданд, ки ҷихати амали гаштани пешниходҳои мазкур аз хамаи имкониятхои мавчудаи хеш истифода хоханд бурд.