Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Намоишгоҳи молҳои истеҳсоли вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

      Рӯзҳои 5- 6 май соли равон дар шаҳри Бохтар Намоишгоҳи молҳои истеҳсоли вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар кори намоишгоҳ Раиси вилоят Хатлон Гулмаҳмадзода Д.Қ., муовинони раиси вилоят, сардорони раёсатҳо ва ташкилотҳои вилоятӣ, муовини аввал ва муовинони раиси шаҳри Бохтар, муовини аввали Ҳокими вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Боболов Т.А., раисон ва муовинони раиси шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур ва Сардори Раёсати минтақавии Палатаи савдо ва саноати вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мардаев Б.Х., иштирок намуданд.

      Дар намоишгоҳ 28 ширкати вилояти Сурхандарё ва 10 ширкату соҳибкорони вилояти Хатлон молу маҳсулотҳои худро пешкаши иштирокчиён ва аҳолии вилоят гардониданд.

      nhg2.jpgДар ҳошияи баргузории намоишгоҳ Бизнес-Форуми соҳибкорони вилояти Хатлон ва вилояти Сурхандарё баргузор гардид, ки дар чорчубаи корӣ форум Протоколи пешаки оид ба рушди ҳамкориҳо байни вилоятҳои Хатлон ва Сурхандарё, Созишномаи ҳамкориҳо байни Палатаи савдо ва санбати вилоятҳои Хатлон ва Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва баъди вохӯрию гуфтушунидҳои роҳбарон ва намояндагони ширкату соҳибкорони вилоятҳо, 10 шартнома ва ёддоштҳои тафоҳум оиди ҳамкориҳо байни ширкату соҳибкорони вилоятҳои Хатлон ва Сурхандарё ба имзо расонида шуд.