Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Хайати соҳибкорон – кишоварзон ва коркардкунандагони маҳсулотҳои кишоварзии вилояти Хатлон ба ш.Турсунзода ва вилояти Сугд

Рўзи 4 март ҳайати соҳибкорон – кишоварзон ва коркардкунандагони маҳсулотҳои кишоварзии вилоят таҳти роҳбарии муовини директори кулли Палатаи вилоят ба шаҳри Турсунзода сафари омўзишӣдоир намуданд.

Ҳайати онҳоро дар даромадгоҳи шаҳри Турсунзода муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи кишоварзи Турсунзода П.Т. ва ҳамроҳонашон пешвоз гирифтанд.

Сипас ҳайати соҳибкорони вилоятро бо кор ва фаъолияти ҶДММ «Сардор-2008», ки ба истеҳсоли ҷармҳо аз картошка (чипсы), гулачаҳои ҳуворимакка (кукурузные палочки) ва тухми офтобпараст машгул аст дидан карданд. Роҳбарияти корхонаи мазкур ҳайати соҳибкорони вилоятро хайрамақдам намуда, бо кор ва фаъолияти сехҳои корхонаи мазкур шиносонида ба онхо оиди фаъолияти имрўзаи худ маълумот пешниҳод намуданд.

Баъдан сохибкорон аз гармхонаҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Доно», «Саховат» ва «Абдулваҳоб-2006», ки ба парвариш ва истеҳсоли помидор, бодиринг ва дигар намуди сабзавотҳо машгул мебошанд, дидан карданд.

Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии «Доно», «Саховат» ва «Абдулваҳоб-2006» оиди кор, фаъолият ва таҷрибаю дастовардҳои худ ба соҳибкорон –кишоварзони вилоят маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш бо деҳқонони вилояти Хатлон, қайд карда гузаштанд.

Дар натиҷаи вохўриҳои доир намуда, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, мустаҳкам гардонии муносибатҳои тиҷорати-иқтисодӣ баҳри пешбурди минбаъдаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷи Акбар»-и ноҳияи Вахш ва ҶДММ «Сардор-2008», хоҷагии деҳқонии «Ҳикмат»-и ноҳияи Қубодиён ва хоҷагии деҳқонии «Доно», хоҷагии деҳқонии «Азимҷон»-и шаҳри Бохтар ва хоҷагии деҳқонии «Абдулваҳоб-2006» ва Кооперативи тиҷоратии «Дубеда»-и ноҳияи А.Ҷомӣ ва хоҷагии деҳқонии «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, созишномаҳо оиди ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ташрифи соҳибкорон-кишоварзон ва коркардкунандагони маҳсулотҳои кишоварзии вилояти Хатлон ба вилояти Суғд санаҳои 5-6 уми марти соли равон бо роҳбарии директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон оғоз гардид.

Тибқи барномаи пешбинишуда рӯзи аввал дар шаҳри Хуҷанд ҳайати соҳибкорони вилоятро муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ қабул намуда, бо ҳайати кишоварзон-соҳибкорони вилояти Хатлон вохўрии корӣ доир намуда, оиди дастовардҳои кишоварзони вилояти Суғд қайд карда гузаштанд .

Ҳамон рӯз дар ноҳияи Б.Ғафуров бо иштироки олимони соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарони ташкилотҳои соҳа дар мавзӯи «Технологияи муосири парваришии зироатҳои сабзавотӣ дар шароити гармхонаҳои замонавӣ» семинари илмӣ-амалии минтақавӣ доир гардид. Дар кори семинар ҳайати вилояти Хатлон ҳам иштироки фаъолона намуда, бо таҷрибаи пешқадами мутахассисони гармхонаҳои доимоамалкунандаи парвариши зироатҳои сабзавотии ҶДММ «ММК-Агро»-и ноҳияи Б.Ғафуров шинос шуданд.

Сафари кории ҳамон рӯза дар шаҳри Конибодом идома ёфта, ҳайти вилояти Хатлонро муовини якуми раиси шаҳр Ёдгорӣ Ф.Ю. ҳамроҳи намуда, бо кор ва фаъолиятӣ соҳибкор Холиқов Ф. ва хоҷагии деҳқонии «Баҳористон»-и ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом шиносонида, маълумотҳои муфассал пешниҳод намуданд.

Сипас ҳайати соҳибкорон-киҳоварзони вилоятро бо кор ва фаъолияти ҶДММ «Хуҷанд-Агоро»-и шаҳри Хуҷанд шиносои пайдо намуданд. Роҳбари ширкати мазкур оиди кор ва фаъолияти имрўзаашон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Баъди вохўриҳо бо мақсади рушди ҳамкориҳои судманд роҳбари ширкат Сангинов Ш. бо Кооперативи тиҷоратии «Дубеда»-и ноҳияи А.Ҷомӣ ва хоҷагии деҳқонии «Ансорӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Рӯзи дуюм ҳайати намояндагони вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷ.Расулов ташриф оварданд, дар рафти сафар моро муовини якуми раиси ноҳия Қосими Файзулло ҳамроҳи намуданд. Сипас мо бо фаъолияти соҳибкор Абдуҷафоров Ш. ва анбори коркард ва бастубанди пиёз шиносои пайдо намуда, маълумотҳои ба худ лозимаро пайдо намудем.Дар доираи сафар дар ноҳия, оиди коркард ва басту банди пиёз ва имкониятҳои мавҷудаи содироти он мизи мудаввар баргузор карда шуда, дар рафти чорабини хоҷагии деҳқонии «Ситораи Зуҳал» ва кооперативи тиҷоратии «Дубеда»-и вилояти Хатлон бо соҳибкори инфиродии Қодиров Зарифҷон аз ноҳияи Б.Ғафуров барои хариду фурӯши 180 тонна пиёзи ҳосили 2021 созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Нимаи дуюми рӯз вохӯриҳо дар ноҳияи Спитамен идома ёфта ҳайати намояндагони вилояти Хатлонро раиси ноҳияи мазкур Нуъмонзода Темурҷон қабул намуда, оиди таҷрибаю дастовардҳои кишоварзон ва коркардкунандагони маҳсулотҳои кишоварзии ноҳия маълумоти муфассал пешниҳод намуда, бо кор ва фаъолияти ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон» ва «Боғи навбунёди интенсивӣ», ки ба парвариши намудҳои гуногуни себ махсус гардонида шудааст, шиносониданд.

Вохӯриву мулоқотҳо ва чорабиниҳои баргузор гардида, манфиатбахш ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардида, бо таассуроти қаноатмандӣ ба Хатлон баргаштанд.

Дар рўзҳои сафари намояндагони вилояти Хатлонро Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти СУҒД Муҳамедҷонов М.С ҳамроҳи намуданд.