Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Вохурии директори кулли Палатаи вилоят бо рохбарони Минтакахои озоди иктисодии "Дангара" ва "Кулоб"

Рўзи 13 январ директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Сайфидинов Ф.А. аз Минтакаи озоди иктисодии «Дангара» дидан карданд. Дар хошияи сафар директори кулли Палата бо рохбари маъмурияти МОИ «Дангара» Ятимзода М.А. вохўри кори доир намуданд. Дар вохўри оиди хамкорихои Палатаи вилоят бо маъмурияти минтака ва чалби субъектхои айни замон дар минтака фаъолият дошта, ба аъзогии Палатаи савдо ва саноати Чумхурии Точикистон ва дар оянда таъмини  иштироки онхо дар намоишгоххо, форумхо, семинархо ва дигар чорабинихое, ки аз чониби Палатаи савдо ва саноати Чумхурии Точикистон ва Палатаи вилояти Хатлон доир гардонида мешавад, гуфтугўхои судманд ба анчом расонида шуд.

         Баъдан рохбари ПСС-и вилоят  бо фаъолияти ЧДММ «Ауфэн», ЧДММ «Гаюр Саноат», сехи истехсоли калсит шиносои пайдо намуда, аз ЧДММ «ТК Ойл корхонаи коркарди нафти Данѓара» дидан карданд.  

Дар нимаи дуюми рўз дар шахри Кўлоб директори кулли Палата бо Абдуллозода М.Р. рохбари маъмурияти Минтакаи озоди иќтисодии «Кўлоб» вохўрии кори доир намуд. Дар вохўри рохбари маъмурияти МОИ «Кўлоб» оиди фаъолияти имрўзаи минтаќа маълумоти муфассал пешниход намуданд. Директори кулли Палата дар рафти сўхбат оиди дар оянда рушд додани хамкорихо байни ПСС-и вилоят ва МОИ «Кўлоб» ќайд карда гузашта, иброз намуданд, ки намояндагони корпусхои дипломатї, сармоягузорон ва точирони хоричие, ки ба Палатаи вилоят ташриф меоранд, рохбарияти Палата кўшиш ба харч медихад, ки МОИ «Кўлоб»-ро муаррифи намуда, дар чалби сармоягузорон  хиссагузор бошад.  

IMG_0787-15-01-21-08-36.JPG

 

IMG_0786-15-01-21-08-36.JPG