Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

ДАР ХАТЛОН 92 НОМГӮИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ИСТЕҲСОЛ МЕШАВАД

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чаҳоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, дар вилояти Хатлон бунёди 380 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда, аз оғози соли 2018 то инҷониб 220 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бунёд ёфтааст.

Баҳри ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла, зина ба зина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ таъсис ва бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар назар дошта шудааст.

Танҳо дар 7 моҳи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 50 адад корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 516 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 62 иншооти дигар идома дорад.

Дар ин давра, саноатчиёни вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба маблағи 4 миллиарду 489 миллиону 809 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 254 миллиону 253,7 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро 6% таъмин карданд.

Танҳо баистифодадиҳии ду корхонаи нави мурғи гӯштӣ дар нисолаи якум замина фароҳам овард, ки истеҳсоли гӯшти мурғ дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 1202 тонна ва ё дар сатҳи 75 фоиз зиёд карда шавад.

Ҳамзамон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва номгӯи он сол аз сол зиёд шуда, аз 81 номгӯй ба 92 номгӯй расонида шуд.