Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Дар минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» нахустин субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд

Ҳамзамон Созишномаи ҳамкорӣ оид ба пешбурди фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» байни роҳбарони маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Мустафо Абдуллозода ва ҶДММ «Тоҷик Алмос» Хайриддин Бобоев ба имзо расид.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди корхонаи истеҳсоли қисмҳои мошин дар ҳудуди МОИ «Кӯлоб» дар майдони 1 гектар ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи аввал истеҳсоли ҳавотозакунакҳои намудҳои гуногуни ҳавоӣ ва равғанӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монда мешавад. Корхона пурра бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардида, арзиши умумии он беш аз 1,5 миллион сомонӣ аст. Интизор меравад, ки корхона дар зарфи 1-1,5 сол ба истифода дода шавад. Дар он зиёда аз 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кор ва музди меҳнат таъмин мегарданд.

МОИ «Кӯлоб» дар майдони 309 гектар соли 2019 таъсис дода шуда, соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаи иқтисодии мазкур ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ –«Суғд, «Панҷ», «Данғара», «Ишкошим» ва «Кӯлоб» таъсис дода шудаанд, ки МОИ «Суғд» ва «Данғара» аз минтақаҳои озоди иқтисодии фаъол маҳсуб меёбанд