Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Палатаи савдо ва саноат дар Япония, Германия, Беларус, Россия, Амрико ва дигар давлатҳо намояндагии худро таъсис медиҳад.

Дар давлатҳои хориҷи дуру наздик 6 намояндагии  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ки ба рушди робитаҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва тиҷоратии ин кишварҳо бо Тоҷикистон мусоидат менамояд. Палатаи савдо ва саноат кӯшиш дорад, ки  солҳои оянда намояндагиҳои худро дар Япония, Германия, Беларус, Россия, Амрико ва дигар давлатҳо таъсис диҳад.
Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахон Ҷумъахонзода  ба  намояндагони воситаҳои ахбори омма  хабар дод.
«Дар шаш моҳи аввали соли равон  ба содироткунандагони молу маҳсулоти ватанӣ  7509 шаҳодатномаи кишвари баромади мол,  аз ҷумла аз ҷониби дастгоҳи марказии Палата — 2200 адад, Палатаи вилояти Суғд — 3419 адад ва Палатаи вилояти Хатлон — 1890 адад дода шудааст»,- илова кард раиси Палатаи савдо ва саноат.
Ҷурахон Ҷамшед ҳамчунин иброз дошт, ки дар нимсолаи якуми соли равон  ба аъзогии Палата 116 корхонаю ташкилотҳои нав ҷалб карда шуда, шумораи умумии онҳо ба ҳолати 1 апрели равон ба 774 адад расонида шудааст. Аз ҷумла, ин рақам  дар  шаҳри  Душанбе ва тобеъи марказ 306, вилояти Суғд 237, Хатлон 208 ва ВМБК 23 ададро дар бар мегирад. Инчунин ба суроғаи  бештар аз 397 адад корхонаю ташкилотҳо ва  соҳибкорон бо мақсади ҷалб намудани  онҳо ба аъзогии Палата маводи иттилоотӣ ва тиҷоратӣ фиристода шудааст.
Дар нишаст зикр гардид, ки хизматрасонии нави ройгон, аз қабили машварат дар самти ҳуқуқ ва самти андоз барои аъзоёни Палата ҷорӣ карда шудааст. Бо мақсади дастгирии соҳибкорон хизматрасонии ройгон- тамоси телефонии фаврӣ бо назардошти мушкилиҳои ба миёномада вобаста ба пандемияи коронавирус ва таъсири он ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷорӣ карда шуд.
Ёдовар мешавам, ки ҷиҳати шиносоӣ  аз навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони ҳамкор бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта зиёда аз 81 нафар соҳибкорони ватанӣ аз намоишгоҳҳои хориҷӣ дидан намуданд.