Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо вазъи кишти зироатҳо дар Қубодиён шинос шуданд

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз, 24 апрел, бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, ҳолати истифодаи самараноки заминҳои кишт, раванди корҳои ободонию созандагӣ ба ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус сафари корӣ анҷом доданд.

Зимни боздид аз гармхонаи шаҳрванд Азамат Абдураҳмонов дар ҳудуди деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки он дар майдони 0,5 га замин бунёд гардида, дар гармхона 8 ҳазор ниҳоли помидор шинонида, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ 20 нафар дар ба кор ҷалб шудаанд.

Азамат Абдураҳмонов мақсад дорад гармхонаро дар майдони 2 гектар васеъ намуда, дар як сол то се маротиба ҳосил ба даст оварад. Дар гармхона усули обдиҳии қатраӣ ба роҳ монда шуда, гармидиҳии он бо ангишт таъмин карда мешавад.

Раиси вилоят дар ноҳияи Қубодиён инчунин хоҷагии деҳқонии “Ҷаҳонгир” дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол”, ки роҳбараш Ғафур Нурматов мебошад, дидан намуд. Майдони умумии хоҷагӣ 5,85 га буда, дар 0,40 га помидор, 0,10 бодиринг, 1 га пиёз, 0,30 га қаланфури булғорӣ, 0,40 га ҷав, 0,60 га гандум, 0,05 га картошка кишт гардидааст. Ҳамзамон хоҷагидор дар 1,5 га боғи мевадиҳанда бунёд намудааст.

Қурбон Ҳакимзода инчунин дар аснои боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии “Умедҷон” ва “Бобои Ҷаҳонгир”, воқеъ дар деҳаи Қӯшачинори Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол” ба фаъолияти хоҷагидорон баҳои баланд доданд. Иттилоъ дода шуд, ки майдони кишти зироатҳо дар ин ду хоҷагӣ беш аз 30 гектарро ташкил дода, кишоварзон имсол пахта, помидор, қаланфури булғорӣ кишт намудаанд.

Нашъунамои зироатҳо дар гармхонаи замини назди ҳавлигии шаҳрвандон Кучаров Тулқин аз деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти “Тахти Сангин”, замини наздиҳавлигии шаҳрванд Ҷӯрамурод Ибрагимов аз деҳаи Роҳи нави Ҷамоати деҳоти “Тахти Сангин”, ки аз заминҳои худ самаранок истифода бурда, солона то се ҳосил ба даст меоранд, худ арзёбӣ мегардад.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода инчунин аз раванди корҳои сохтмонӣ дар клиникаи хусусии соҳибкор Шарофиддин Зарипов дар Ҷамоати шаҳраки “Қубодиён”, мағозаҳои бозори “Қубод”-и ҷамъияти “Матлубот”-и ноҳияи Қубодиён, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав, бинои сеқабатаи шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён дидан намуда, ба масъулон ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ, инчунин сабзу хуррамгардонии атрофи биноҳо дастур дод.

Зимни суҳбат бо фаъолон, роҳбарони ҷамоатҳо, хоҷагидорон, деҳқонон дар маҳалҳо раиси вилоят онҳоро ба истифодаи ҳар порча замини киштбоб, афзоиш додани кишти зироатҳо, рӯёнидани ду-се ҳосил даъват намуданд.