Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

ИСТИФОДАИ САМАРАБАХШИ ЗАМИНИ КИШТБОБ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Сокинони вилояти Хатлон заминҳои корами обиро ҳам дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳам дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ оқилонаву самарабахш истифода мекунанд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба вусъат додани корҳои саҳроӣ кишоварзони хатлонӣ бо ташкили гармхонаҳои доимамалкунанда тамоми фаслҳои сол ҳосил мерӯёнанд ва ба ин васила дар баробари таъмини эҳтиёҷоти рӯзгори худ, ҳамчунин дар таъмини талаботи бозори истеъмолӣ ҳиссагузорӣ менамоянд.