Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ВА РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БОҒОТИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

7 апрел, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда ва корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара сафар кард.

Зимни сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Данғара аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда дидан намуданд.

Дар ноҳияи Данғара Сарвазири мамлакат ва Раиси вилояти Хатлон аз боғи навбунёди хоҷагии деҳқонии «Хуросон» ва корхонаи мевахушккунӣ дидан намуданд.

Хоҷагии деҳқонии мазкур дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи бой дошта, кишти зери плёнка дар хоҷагӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар хоҷагии деҳқонии «Хуросон» корхонаи коркарди меваи хушк бунёд гардидааст ва дар назар аст, ки коргоҳи афшурабарорӣ бунёд гардад.

Тавре иттилоъ доданд, боғи навбунёд дорои сад ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили гелос, олу, себ, зардолу, шафтолу ва дигар намуди меваҳо мебошад, ки бо роҳи обмонии қатрагӣ парвариш меёбанд.

Инчунин меҳмонон аз корхонаи мевахушккунӣ, ки сохтмони он дар айни замон ҷараён дорад, дидан намуданд.