Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Панҷ аввалин шуда дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пиёзро оғоз намуд

Руз, 3 апрел, аввалин шуда дар сатҳи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пиёз оғоз гардид.

Ба иттилои Шарофиддин Асомиддинзода, муовини якуми раиси ноҳияи Панҷ, хоҷагии деҳқонии “Фарғона” дар Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шурӯъ намуда, хоҷагидорон имрӯз 5 тонна пиёзи ғункардаашонро ба шаҳри Кӯлоб равон намуданд. Пиёзи барвақтӣ бо нархи аз 2,5 то 2,80 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Ҳамин тавр, содироти дохилии пиёзи баҳорӣ огоз гардид.

Хоҷагии деҳқонии “Фарғона” дар 30 гектар замини дар ихтиёрдоштааш пиёз кишт кардааст, ки то ин вақт ҳосили 10 гектари он омода аст ва дар сурати пайдо шудани харидор кишоварзон метавонанд онро ҷамъоварӣ намоянд.

Дар ноҳияи Панҷ дар мавсими имсола дар майдони 370 гектар пиёз кишт шудааст. Тибқи арзёбии мутахассисон, аз ин майдон беш аз 10 ҳазор тонна ҳосил ғундоштан мумкин аст.