Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии «Субҳон»-и Ҷамоати деҳоти “Намуна”-и ноҳияи Панҷ

Нимаи дуюми имрӯз, 12 март, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии «Субҳон»-и Ҷамоати деҳоти “Намуна”-и ноҳияи Панҷ дар маъракаи оғози кишти пунбадона иштирок намуданд.

  • маълум гардид, замини кишти хоҷагӣ аз 11 гектар иборат буда, аз ин рақам майдони 1 гектар боғ, 2 гектар гандум ва дар майдони 8 гектари он пахта кишт карда мешавад.

Майдони кишти пахтаи ноҳияи Панҷ зиёда аз шашуним ҳазор гектарро дар бар гирифта, кишоварзон ният доранд, ки ҳар ваҷаби заминҳои корамро сарфакорона истифода бурда, имсол ҳосили хуби пахта ба даст оранд.

Раиси вилоят ба масъулони Сарраёсати кишоварзии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки то 5 апрели соли ҷорӣ кишти пахтаро дар тамоми заминҳои кишоварзӣ ба 90 фисад расонида, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.