Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Вилояти Хатлон - ғолиби озмуни ҷумҳуриявии қаннодӣ ва ҳалвопазӣ

1_18.jpg

Дар маҷмааи “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Қаннодӣ ва ҳалвопазӣ” баргузор гардид.

Бонувони ҳунарманди вилояти Хатлон аз 10 шаҳру ноҳия - Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Фархор, Панҷ, Ҳамадонӣ, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвон дар озмун фаъолона иштирок намуда, беш аз 30 намуди ҳалво ва маҳсулоти қаннодиро пешниҳод намуданд. Аъзои Кумитаи тадорукоти озмун ба омодагиҳои вилояти Хатлон баҳои баланд доданд. Вилояти Хатлон дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи якум ва дипломи дараҷаи 1 гардид. Инчунин ҳамаи ноҳияҳо сазовори Ифтихорномаи вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.Намоишгоҳи оростаи қаннодону ҳалвопазони вилояти Хатлон 50 метр дарозӣ дошта, дар ғуфраҳо бо нақшу нигораҳои чаканӣ оро дода шуда буд. Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 доир ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоикистон барои солҳои 2019-2021 доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки 19 октябр дар шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ барпо шуда буд.

Кумитаи тадорукоти вилоятӣ барои иштироки фаъолона, саҳми муносиб гузоштан дар пешрафти соҳаи хӯрокворӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмуни вилоятии қаннодӣ ва ҳалвопазӣ шаҳри Бохтарро сазовори ҷойи якум донист. Ба мақомоти иҷроияи ҳоркимияти давлатии Бохтар Диплом ва мукофоти пулӣ тақдим гардид. Ҳамин тавр, ноҳияи Данғара ва шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи дуюм, ноҳияҳои Фархор ва Панҷ сазовори мақоми сеюм гардида, бо диплому мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд. Инчунин, беш аз 30 нафар кадбонувони фаъол ва роҳбарони коргоҳҳои қаннодӣ бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон бо мақсади ҳунаромӯзии духтарон, аз ҷумла дар бахши омода намудани шириниҳо, омӯзиши таҳияи маҳсулотҳои қаннодӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, марказҳои омӯзишии ҳунарҳои қаннодӣ тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда шудаанд, ки ҷавондухтарон аз он истифода мебаранд.