Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Пахтакорони Бохтар низ дурнамои ҷамъоварии ҳосилро 100% иҷро карданд!

Хакимзода ва Исмоилзода.jpg

Пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Бохтар 4 октябр дурнамои истеҳсоли пахтаро дар соли ҷорӣ сарбаландона иҷро намуданд.Қобили зикр аст, ки заркорони Бохтар имсол дар майдони 310 гектар пахта кишт карда, то имрӯз 23-сентнерӣ аз ҳар гектар “тиллои сафед” рӯёнидаанд.Тавре ки аз шаҳрдории Бохтар иттилоъ доданд, имрӯзҳо ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр бомаром идома дошта, барзгарон азм доранд, ки то пағаи охирин ҳосили боқимондаро ғун кунанд.Ёдовар мешавем, ки 5 рӯз қабл заркорони шаҳри Левакант низ дар ҷумҳурӣ аввалин шуда аз иҷрои 100-дарсадии дурнамои ҷамъоварии ҳосили имсола мужда дода буданд.Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Левакант соли ҷорӣ дар майдони 1010 гектар кишти пахта гузаронида, то имрӯз ба ҷойи 2310 тоннаи дурнамо ба миқдори 2313 тонна ҳосил ғундоштаанд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 22,9-сентнерӣ расонида шудааст.Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати қадрдонии меҳнати заркорони шаҳри Левакант рӯзи 1 октябр ба раиси ин шаҳр Заррина Давлатзода Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим кард.Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода низ бо Сипоснома ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот сарфароз шуда буд.