Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

НАКҲАТИ ГУЛ АЗ АСАЛ ОЯД ҲАМЕ

1.jpg

Субҳи рӯзи 18 августи соли равон дар маркази вилоят - шаҳри Бохтар идҳои асал, каду, харбузаву тарбуз ва фестивали вилоятии яхмосу обҳои ташнашикан баргузор гардид.

Саҳни театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз маҳсули дастони пуробилаи марди деҳқон ранги дигар гирифта буд. Кишоварзони 25 шаҳру навоҳии вилоят маҳсулоти полезии хешро пешкаши меҳмонону сокинони маркази вилоят намуда буданд. Ҳамчунин, дар ин рӯз занбӯриасалпарварони вилоят асали хуштамъу пурнакҳати табобатӣ ва дигар маҳсулоти фоиданоки занбӯри асалро пешниҳоди ҳамагон гардониданд. Шиору  навиштаҷоти пурмазмун оид ба маҳсулоти полезӣ ва асал ба ҳусни намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон ҳусн зам намуда буд. Хурдтаракон бо шеъру саҳначаҳои пурмазмун чорабиниро шаҳомати дигар бахшиданд.

 Дар чорабинӣ муовини раиси вилоят Умедхоҷаи Зоҳир, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Бохтар, масъулини раёсати кишоварзӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат доштанд. Сараввал, меҳмонону ҳайати комиссияи тадорукот аз намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла маҳсули заҳмати кишоварзону занбӯриасалпарварон дидан намуданд. Даҳҳо навъи харбузаю каду, тарбузу асал ва  маҳсулоти аз ин полезиҳо омоданамуда диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд. Дарвоқеъ, рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ ва полезӣ имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ зиёд ва маҳсулоти тозаи худӣ афзун гардад. Асалпарварони номӣ Маҳмадюнус Юсупов ва Комил Лоиқов аз ноҳияи Фархор, иброз доштанд, ки 170 оилаи занбӯри асалро парвариш намуда истодаанд ва дар ин самт таҷрибаи беш аз 40-сола доранд. Аз Ҷамоати деҳоти «Ҳилолӣ»-и ноҳияи Хуросон Ҷӯра Нозиров низ айни замон беш аз 150 оилаи занбӯри асалро нигаҳбонӣ менамояд ва маҳсули меҳнати хешро пешкаши иштирокдорони чорабинӣ намуд. Ҳамчунин, занбӯриасалпарварон Азизулло Муродов аз ноҳияи Ховалинг, Хушқадам Нодиров аз ноҳияи Шаҳритуз ва Файзиннисо Қосимова низ дар ин ҷода ном баровардаанд. Харбузаҳои хуштамъи хаҷагиҳои деҳқонии Очилдибобо ва Шоҳзамонбобо аз ноҳияи Шаҳритуз диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд. Навъҳои харбузаҳои мирзочулӣ, бурикалла, амирӣ аз ноҳияи Ёвон намоишро шаҳомати хоса бахшида харидорони зиёде дошт.

Пас аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъомад доир гардид. Муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода ҳозиринро бо фарорасии ҷашни дарпешистодаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории идҳои асалу харбуза, каду, яхмосу  обҳои ташнашикан аз номи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода табрику муборакбод намуд. Тавре ки таъкид рафт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ даҳҳо барномаҳои соҳавиро мавриди амал қарор додааст. Чорабинии мазкур тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 роҳандозӣ гардида, пеш аз ҳама ба тарғиби заҳмати кишоварзону рушди соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудааст. Дар ҳақиқат, шароити Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон баҳри тараққӣ додани соҳаҳои боғпаварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва васеъ намудани майдони полезиҳо имконияти фаровон дорад. Дар ин самт, тибқи қарори раиси вилояти Хатлон барномаи рушди соҳаи чорводорӣ, занбӯри асал ва моҳипарварӣ қабул гардидааст. Чуноне, ки зимни ҷамъомад таъкид рафт, ба санаи якуми августи соли равон дар вилояти Хатлон 60989 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст, ки нисбати соли 2018-ум 1620 оила зиёд мебошад.

Дар ҷамъомад доир ба истеҳсоли яхмос ва обҳои ташнашикан таъкид ба миён омада, зикр гардид, ки коргоҳҳою корхонаҳои истеҳсоли яхмосу обҳои ташнашиканро ҳарчи бештар бунёд намуда, воридоти ин маҳсулотро аз хориҷи кишвар кам намоянд. Дар ҳақиқат, истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла харбузаю тарбуз, каду ва дигар меваҷот имкон фароҳам меоварад, ки ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии кишвар роҳи ҳалли хешро пайдо намояд, зеро меваю сабзавоти шаҳдбори Хатлонзамин барои истеҳсоли шарбат, афшура ва обҳои ташнашикан имконияти васеъ пайдо менамояд.

Дар вазъияти тан-танавӣ ғолибони озмуни иди асал, муайян гардиданд. Ноҳияи Ёвон ҷойи аввалро соҳиб шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ сазовор гардид. Заҳматкашони ноҳияҳои Вахш ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба ҷойҳои дуюму сеюм баромаданд. Ғолибони чорабинии иди каду ноҳияҳои Хуросон, Темурмалик ва Носири Хусрав гардиданд. Дар самти омодагӣ ба чорабинии иди харбуза ва тарбуз ноҳияи Ҷайҳун соҳиби ҷойи аввал, Қубодиён ҷойи дуюм ва ноҳияи Дӯстӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар ин замина як қатор занбӯрпарварону полезкорон бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Сокини ноҳияи Қубодиён Бахтиёр Раҳмонов ва Илҳом Шукуров аз ҶСК “Баҳодур С” доир ба истеҳсоли яхмоси босифат соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Намоишу фурӯши асал ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази вилоят то дер идома ёфт, сокинони маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳои атроф аз маҳсулоти тару тоза ва асали пурнакҳати кӯҳӣ харидорӣ намуданд.

Сипас барномаи консертии ҳунармандони вилоят пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардид.

 

3.jpg

5_0.jpg

6.jpg

 

7.jpg

 

9_0.jpg