Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Ярмаркаи 6-уми байналмилалии савдо «Суѓд-2019»

20190622_151851.jpg 

Рўзи 21 июн соли 2019 дар Кохи варзиши шаҳри Хуљанд, Ярмаркаи 6-уми байналмилалии савдо «Суѓд-2019» ба кори худ оѓоз намуд. Дар маросими ифтитоњи расмии ярмарка-намоиш раиси вилояти Суѓд Раљаббой Ањмадзода, намояндаи Њукумати Љумњурии Тољикистон муовини раиси Кумитаи сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон НигинаАнварї, намояндагии Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия дар Љумњурии Тољикистон, намояндаи ваколатдори Њукумати Љумњурии Ќирѓизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров, муовини Њокими вилояти Фарѓонаи Љумњурии Ўзбекистон Мухсинхўља Абдурањмонов, директори ЮСАИД дар Тољикистон Пол Ричардсон, Сафири фавќуллода ва Мухтори Љумњурии Белорус дар Љумњурии Тољикистон Олег Иванов, муовини раиси вилояти Мински Љумњурии Белорус Игор Макаров ва дигарон иштирок ва суханрони намуда, оиди ба ањамияти баргузории ярмаркаи 6-уми байналмилалии савдо «Суѓд-2019» дар рушди муносибатњои тиљоратї миёни давлатњо андешањои хешро баён доштанд.

     Дар намоишгоњи 6-уми ярмаркаи байналмилалии савдо «Суѓд-2019», аз тарафи молистењсолкунандагони вилояти Хатлон бо дастгирии Барномаи USAID оид ба бењтар намудани раќобатпазирии Агробизнес дар Тољикистон, дар се ѓурфа (дар њаљми 29 м2) барои намоиш ва фурўш, молу мањсулотњо пешнињод карда шуданд.

Дар њошияи баргузории ярмаркаи байналмилалї дар мавзўи хўрока ва трасферї технологї, рўзњои дарњои кушоди давлатњои хориљї, вохўрињо ва мизњои мудаввар баргузор гардиданд.

Баъди баргузории мизњои мудаввар ва вохўрињои В2В-и иштирокчиёни ярмарка, рўзи 22 июн 45 Созишнома ва Ёддоштњои тафоњум ба имзо расониданд, ки аз он љумла директории кулли Палата савдо ва саноати вилояти Хатлон бо маќсади рушди муносибатњои тиљоратию иќтисодї, илмию техникї бо Палатаи шањри Мински Љумњурии Белорус ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Намангони Љумњурии Ўзбекистон Созишномањои њамкорї ба имзо расонид. Инчунин аз тарафи соњибкорони вилоят 15 Ёддоштњои тафоњум бо соњибкорони хориљию ватанї,ба имзо расонида шуданд.