Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

20190518_072412.jpg

Рӯзи 18-уми майи соли ҷорӣ Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик ташриф овард. Мақсад аз ин сафар мулоқот ва вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Темурмалик ва шиносоӣ аз рафти иҷроиши Амри Президентиҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти рақами №АП-1059 ва банди 15 –и нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президентиҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста баҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.Тибқи барномаи сафари корӣ раиси вилоят пеш аз оғози мулоқот ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат рафт. Сараввал, иштирокчии ҶБВ сокини деҳаи Чинори ҷамоати деҳоти Қарақамиш Икром Давлатовро аёдат намуд. Зокир Давлатов 95 сол умр дошта, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аз соли 1941 то соли 1945 дар Фронт иштирок карда, баъдан то соли 1970 дар колхози ба номи Ленини н.Данғара ҳисобчӣ шуда кор кардааст. Баъдан, то соли 1976 дар идораи ҷангали ноҳияи мазкур кор карда, аз ҳамон сол то нафақа баромаданаш дар хоҷагии давлатии Кангурт фаъолият кардааст. Оиладор, соҳиби 3 нафар фарзандон мебошад. Айни замон бемор буда, бистарӣ аст. Ҳангоми ташриф Раиси вилоят ба ин оила кумакҳо иборат аз орду равған, пиёзу картошка, гӯшту биринҷ ва маблағи пулӣ дод.Сипас, аз ҷараёни корҳои сохтмонии Кохи фарҳангии деҳаи Чилчаи ҷамоати деҳоти Бобоюнус, ки аз маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сохта шуда истодааст, шиносоӣ намуд. Дар рафти шиносоӣ оид ба беҳбудӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони сохтмони ноҳиявию минтақа супоришҳо дод.Баъдан, аз зисту зиндагии собиқадори меҳнат, сокини ҷамоати шаҳраки Совет Гулчеҳра Неъматова ва ходими давлатиюҷамъиятӣ Умурзоқ Ахмедовро низ дар манзили истиқоматиаш аёдат намуд. Баъди аёдат аз рафти корҳои сохтмонии Маркази хизматрасонӣ иборат аз Кошонаи ҳусн, ошхона, сартарошхона ва дигар нуктаҳо, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Пайванди Хайриддин сохта шуда истодааст, дидан намуданд.Тибқи барномаи сафари корӣ чорабинии рӯзи қабули шаҳрвандон ва мулоқот бо фаъолони ноҳия дар толори маҷлисгоҳи МИҲД-и ноҳия ҷараён гирифт.

20190518_092847.jpg

20190518_075052.jpg