Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ўзбекистон

9 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ўзбекистон доир гардид.

Сараввал бо дидан намудан аз чорабиниҳои фарҳангӣ ва корӣ намоишгоҳи Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ўзбекистон муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон С.Умурзоқов ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, ба маросими ифтитоҳи расмии чорабиниҳо ҳусни оғоз бахшиданд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 30 ширкату корхонаҳо аз он ҷумла, ҶСШК «Комбинати хўрокворӣ», ҶДММ «Осиё+М», ҶСШК «Шир», ҶДММ «Котаглобал», ҶДММ «СомонБайк», ҶДММ «Бохтар Шифер», ҶСК «Трансформатор», ҶДММ «Расули Валӣ», ҶДММ «Лазиз», ҶДММ «Ширинии Шафоат» ва СИ Қосимов И. аз шаҳри Бохтар, ҶДММ «ТоҷПласт»-и шаҳри Левакант, ҶДММ «Насими Кўҳсор», ҶДММ «Нуфузи Вахш»-и ноҳияи Вахш, ҶДММ «Муаллими Файзалӣ», ҶДММ «Ғаюр Индастриал», ҶДММ «Ваҳдат Текстил» ва ҶДММ «Мурғи Беҳамто»-и ноҳияи Ёвон, КТ «Сорбон»-и ноҳияи Ёвон, ҶСШК «Хоҷа мўъмин»-и ноҳияи Восеъ, ҶДММ «Шири Саодат»-и ноҳияи Хуросон, ҶДММ «Фарм Текс», ҶДММ «Ғаюр саноат»-и ноҳияи Данғара, ҶДММ «Шифо чоӣ»-и ноҳияи Мўъминобод, дигаро, ки ба истеҳсоли трансформаторҳо, калобаи ришта, шифер, намаки ошӣ, маводҳои тиббӣ ва коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ аз он ҷумла, меваю сабзавот, шир, асал, гиёҳои шифобахш машғуланд ва аксариаташон аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон мебошанд иштирок намуда, маҳсулотҳои истеҳсоли худро пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни намоишгоҳи мазкур гардониданд.

Аз намоишгоҳ мазкур меҳмонон, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва соҳибкорони минтақаҳои дигари Ҷумҳурӣ, ки ба Форуми мазкур даъват шуда буданд, дидан намуда, ба кор ва фаъолияти ширкату корхонаҳои вилояти Хатлон аз наздик шиносои пайдо намуданд.

Баъди нисфирўзи кори Форум дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи 4-уми Шўрои кории Тоҷикистону Ўзбекистон доир гардид. Ҷаласаи Шўрои кориро бо сухани ифтитоҳи Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷ.Ҷ., - ҳамзамон ҳамраиси қисмҳои Шўрои корӣ аз Тоҷикистон оғоз намуда, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумурии Ўзбекистон Икромов А.И., ҷамроёни ў ва соҳибкорони ўзбекро барои ташрифашон ба шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон хайрамаќдам гуфта, оиди корҳои ба анҷомрасонидаи қисми миллии Шўрои корӣ аз Тоҷикистон қайд карда гузаштанд.

Баъдан бо сухани ифтитоиашон раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ўзбекистон Икромов А.И. миннатдориашонро ҷиҳати истиқболи гарм ва ташкил кардани ҷаласаи мазкур баён намуда, оиди корҳои ба анҷомрасонидаи қисми милли Шўрои корӣ аз Ўзбекистон ибрози ақида намуданд.

Инчунин соҳибкорони ҷониби Тоҷикистон ва Ўзбекистон оиди дастовардҳо ва фаъолияташон муаррифномаҳои худро пешниҳод намуда, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии омўзиши таҷрибаҳои якдигар ва ташкил кардани корхонаҳои муштарак қайд карда гузаштанд.

Сипас, байни Палатаҳои савдо ва саноатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ўзбекистон Протокол «Оид ба тақвияти минбаъдаи иштироки соҳибкорони хурду миёна дар чорабиниҳое, ки дар қаламрави тарафҳо дар соли 2022 пешбини шудааст» ва Ёддошти тафоҳум «Оид ба идоракунии тиҷоратӣ назди марзӣ ва муносибатҳо дар рушди кирмакпарварӣ ва истеҳсоли атласу адрас дар доираи лоиҳаи RUTSIS» ба имзо расонида шуд.

Дар толори тарабхонаи «Малика»-и шаҳри Бохтар вохўриҳои формати В2В доир гардид.

Баъди ба анҷом расии вохўриҳои В2В бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни соҳибкорони ҷонибҳо зиёда аз 10 Ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида шуд.