Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

хаммадони.jpg

Субҳи 24-уми августи соли ҷорӣ Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо сафари корӣ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузор намудани мулоқот бо сокинон ва фаъолону соҳибкорон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ташриф овард.Тибқи барномаи сафари корӣ раиси вилоят аз рафти таъмир ва мумфаршкунии роҳи байни деҳаҳои Гулобод – Меҳнатобод – Гулистони Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод» шинос гардид. Дар рафти шиносоӣ раиси ҷамоати мазкур иттилоъ дод, ки айни ҳол то ҷашни 28-солагии Истиқлолият 6,3 км роҳро бо ёрии соҳибкорони маҳаллӣ ба истифода дода, оянда онро ба 12 км мерасонанд. Дар шафати роҳ, ки беморхона мавҷуд аст, раиси вилоят бо кормандони тиб низ мулоқот анҷом дод. Дар суҳбат аз фаъолияти беморхона пурсон шуда, фикру дархостҳои онҳоро қабул намуд. Оид ба бехбудӣ бахшидан ба корҳои ояндаашон тавсияҳо дода шуд.

Баъдан раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба аёдати собиқадори меҳнат Анварбӣ Ятимова рафт. Анварбӣ Ятимова хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, ихтисос механизатор, агроном, дорандаи орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва «Дӯстии Халқҳо», вакили Шӯрои Олии СССР (аз соли 1980 то соли 1989), собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, айни ҳол нафақагир буда, дар иҳотаи фарзандон давлати пирӣ меронад. Ҳангоми суҳбат танҳо аз дастгириҳои Ҷаноби Олӣ, аз тинҷиву амонӣ ёдовар шуда, дуои нек дод.

Сипас, раиси вилоят бо гурӯҳи корӣ ба корхонаи пахтатозакунии «Бо Ҳам» ташриф оварда, аз рафти қабули пахта аз тарафи 13 хоҷагиҳои пахтакори ноҳия шинос гардиданд. Ба сардорони хоҷагиҳои мазкур барои оғози босамари корашон аз тарафи раиси вилоят бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, дар ифтитоҳи бинои Раёсати суғуртаи иҷтимоии ноҳия, воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафуров, ки аз тарафи Сарраёсати суғуртаи иҷтимоии ҷумҳурӣ сохта шудааст, иштирок кард.

Дар рафти сафари корӣ аз тарафи раиси вилоят толори варзишӣ ба номи Донёров Боймурод дар маҳаллаи Синои Ҷамоати шаҳраки Москва, ки аз тарафи соҳибкор Далер Хушвахтов сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.

Баъди шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ба аёдати Абдусалом Раҳимзода, нафақахӯр, собиқадори соҳаи фарҳанг, дорандаи унвонҳои фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Алимуҳаммад Муродӣ, шоир, собиқадори соҳаи маориф, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои ба номи Мирзо Турсунзода ва Шамсиддин Шоҳин рафта, аз номи Пешвои миллат бо туҳфаҳои моддию молӣ қадрдонӣ карда шуд.

Баъдан, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқот бо сокинон, соҳибкорон ва аъзоёни ҳукумати маҳаллӣ барпо карда шуд.

Дар ҷаласа 2 масъала мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Аввалан, муроҷиати шаҳрвандон шунида шуд. 12 нафар сокинони ноҳия оид ба масъалаҳои нарасидани маблағ барои тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, эҳтиёҷот барои замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои оромгоҳ, паст будани нархи пахта, кушодани дуконҳои махсус барои фурӯши заҳрхимикатҳо ва тухмиҳои хушсифати кафолатнок, таъмири капиталии беморхонаи минтақавӣ, нарасидани бунгоҳи тиббӣ муроҷиат карданд.

Ҳар як муроҷиати сокинон ба инобат гирифта шуда, ба масъулини соҳаҳо оид ба бартараф кардани камбудию норасоиҳо аз тарафи раиси вилоят супориш дода шуд.

Тибқи барнома оид ба масъалаи 2-юми ҷаласа Ҳисоботи раиси ноҳия «Оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар 7 моҳи соли ҷорӣ» шунида шуд.

Раиси ноҳия Одиназода Бозор дар баромади худ оид ба бурду бохти ноҳия сухан карда, рӯ ба афзоиш ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ, сари вақт таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ, кишти такрорӣ, таъмир ва омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил ва камбуду норасоиҳо дар соҳаи ҷудогонаи хоҷагии халқи ноҳия ҳисобот дод. Инчунин, ба истифода донаи 44 иншооти гуногун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва то охири сол ба истифода донаи 32 иншооти гуногунтаъйиноти дигарро номбар намуд.

Дар ҷамъбаст, раиси вилоят муҳтарам Ҳакимзода Қурбон аз ҳисоботи раиси ноҳия натиҷагирӣ намуда, оид ба баъзе камбудиҳо дар соҳаи даъвати баҳорӣ ба ҳизмати ҳарбӣ, иҷро нагардидани дӯхти либосҳои мактабӣ, зиёд шудани баъзе касалиҳои сироятӣ ва ҳашароти зараррасон дар хоҷагиҳо, кишти такрорӣ ва дигар паҳлуҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия изҳори нигаронӣ кард.

Дар охир ба раис ва масъулони ҳукумати ноҳия аз тарафи раиси вилоят барои ҳарчӣ зудтар бартараф кардани камбудию норасоиҳои мавҷуда пеш аз мавсими зимистон дастуру супоришҳо дода шуд.