Календарь событий
13 September 2019
Оғози фаъолияти корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Данғара»
Опубликовано Пт, 09/13/2019 - 10:01Дар ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шир ба фаъолият оғоз намуд.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 11 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғоти хонагӣ, ва 3 намуд кефири мевагӣ, творог, чакка ва шир истеҳсол карда мешавад.