Оғоз бахшидан ба азнавсозии роҳи мошингарди Муъминобод-Кӯлоб
Опубликовано Вт, 09/10/2019 - 10:47Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод нахуст аз иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод" шурӯъ гардид.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тарҳи мазкур дар доираи марҳилаи сеюми "Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.